МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Дараи Ҳаваши ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагон ва фаъолони деҳаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шаҳло Разоқова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Салоҳиддин Мирзобаротов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии нуктаҳо асосии мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия, афзоиши сафи ҳизб, зиёд намудани шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ, рушду равнақ додани ҳунарҳои мардумиро баррасӣ намуд.
Дигар шахсони мутассадӣ оид ба масъалаҳои номбурда андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварданд.