ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоату деҳот ва кӯчаҳои марказии шаҳр бахшида ба эълон шудани соли 2018 Соли тақвияти робита бо маҳал намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр мулоқотҳои судманд доир карданд.
Дар рафти баргузории мулоқотҳо масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, ҳамзамон дар ду ҷамоати деҳот ва кӯчаҳои шаҳри Левакант ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён ва сокинони маҳал раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардида, ташкилоти ибтидоӣ номгузорӣ карда шуд.
Дар робита ба ин кормандони масъули Кумитаи иҷроия овезаҳоро мутобиқ ба номгузории ташкилотҳои ибтидоӣ дар кӯчаҳо насб карданд.