БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАХСОНИ МАЪЮБ ПАЙВАСТА ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ВА ҒАМХОРИҲОИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

ҶАЙҲУН. Санаи 30-юми июни соли ҷорӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Суфизода Шодмон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ишмуродов Ҳакимҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кӯмак ба ятимону бепарасторон, гирифтани дасти маъюбону шахсони ниёзманди ҷомеа тибқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Эҳтиёҷмандону маъюбон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» ба дидорбинии шахсони маъюб рафта, аз ҳолу аҳвол ва зиндагии онҳо бохабар ва бо аҳли оилаашон ҳамсуҳбат шуда, кори хайреро анҷом доданд.

Сипас, бо дастгирии эмомхатиби деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ Ҷанатов Эмомназар ба  ду оилаи фарзандони маъюбдошта истиқоматкунандагони деҳаи Истиқлол, кумаки яквақтаинаи моддӣ ва аз ҷониби намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барояшон як миқдор маблағи пулӣ дода шуд.  

Аз ин иқдоми неки ҳизбиён шахсони аёдатшуда руҳбаланд гардида, миннтадории хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg