БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «АРЗАНДА»

ПАНҶ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки масъулини КИМ Илҳомҷон Ҳамидиён, Суфизода Шодмон  ва инчунин Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Арзанда"-и ҷамоати шаҳраки Панҷ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии мазкур аз натиҷаи фаъолияташон дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот дод.

Дар поёни маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии "Арзанда" Сайфуддинов Раҳматулло аз нав интихоб карда шуд.

Сипас, масъулини КИМ вобаста ба ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ, пардохти ҳаққи узвият, тарзи нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ бо аъзоёни ташкилот суханронӣ намуда? аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии мазкур дидан намуданд. Зимни боздид масъулини ҳизбӣ ба раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр шинос шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи “Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ” ба роҳ монда шавад ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg