ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Барқчиён»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, Суфизода Шодмон ва инчунин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон иштирок доштанд.
Маҷлис бо ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Барқчиён» оғоз гардида, аз тарафи аъзоёни ташкилот қаноатбахш ҳисобида шуд.
Дар фаромади маҷлис аъзоёни ҳизб раиси ташилоти ибтидоиро якдилона интихоб намуданд.
Сипас, масъулини КИМ вобаста ба ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ, пардохти ҳаққи узвият, тарзи нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ бо аъзоёни ташкилот суханронӣ намуд.