БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ

ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилоти иибтидоии ҳизбии “Хоҷагии давлатии об” баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ-Ҳамидиён Илҳомҷон, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ -Суфизода Шодмон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон- Ишмуродов Ҳакимҷон ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод иштирок доштанд.

Дар Маҷлиси ҳисоботӣ зимни масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоӣ Сафолов Бахтиёр оиди фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисобот дод. Дар маърӯза фаъолияти серҷабҳаи ҳизбӣ ҳаматарафа таҳлил гардида, фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби иштирокдорон қаноатманд арзёбӣ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Сафолов Бахтиёр дубора Раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Дар фарҷом мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ-Ҳамидиён Илҳомҷон ба сухан баромада, доир ба сиёсати созандаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, суханронӣ намуда ва инчунин саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg