БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ бо иштироки Ҳамидиён Илҳомҷон - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Суфизода Шодмон- мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ишмуродов Ҳакимҷон- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Ҳасанзода Тағоймурод- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Холов Саидмурод шунида шуд. Номбурда фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ”- ро давоми шаш моҳи ҳисоботӣ, ки дар самти татбиқи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ равона гардидааст, ҳисобот дод.   

Аз рӯи масъалаи дуюм номзадии Холов Саидмурод бори дигар ба роҳбарии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳозирин тасдиқ гардид.

Сипас, Ҳамидиён Илҳомҷон - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба сухан баромада, оид ба ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, вазифаҳои ташкилоти ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, иҷроиши саривақтии обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” инчунин саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg