БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИДИ ҲИЗБИЁН АЗ ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН.  Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ-Ҳамидиён Илҳомҷон, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ -Суфизода Шодмон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон- Ишмуродов Ҳакимҷон дар якҷоягӣ бо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Панҷ” дидан намуданд.

Зимни боздид, масъуини ҳизбӣ ба раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр шинос шуда, оид ба бартараф намудан камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи “Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ” ба роҳ монда шавад ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg