БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИДИ ГУРЎҲИ КОРИИ КИ ҲХДТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ШАМСИДДИН ШОҲИН. Гурӯҳи кории  КИ ҲХДТ дар доираи сафари корӣ  аз ташкилоти ибтидоии «Молия»  боздид ба амал оварда, аз рафти ҳуҷҷатнигорӣ дар  ташкилоти мазкур шиносоӣ пайдо намуда, ба масъулини ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта  маслиҳатҳои  судманд доданд.

Маврид ба зикр аст, ки намояндагони КИ ҲХДТ Бобоева Гулнора  ва Ахунова Муқаддас баъд аз боздид аз ҳуҷҷатҳои ташкилоти ҳизбӣ дар кори маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба кори маҷлис Ибодов Саидшоҳ- раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳусни оғоз бахшида,  масъалаҳои рӯзномаро ба  ҳозирин шиносонид. Мавсуф ба сухан баромада, дар бораи  фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар зарфи шаш моҳи соли равон ҳисобот дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg