
ФАРХОР. Дар ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор бо иштироки муовини раиси ноҳия муҳтарам Вализода Насрулло Мирзо семинар машварати дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани кишти такрорӣ баргузор карда шуд.
Дар кори семинар як қатор роҳбарони хоҷагиҳои деҳконии ҳудуди ноҳия иштирок доштанд. Дар назди ҳозирин муовини раиси ноҳия оид ба ҳарчи зудтар оғоз намудани кишти такрорӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки самаронок истифодабарии заминҳои корами обӣ айни замон ба манфиати кор буда, бо ин роҳ деҳконон метавонанд, захираи хӯрока барои солҳои ояндаро ҷаъмоварӣ намуда, амнияти озуқавории оилаи худ ва сокинони ноҳияро таъмин намоянд. Ҳамзамон оиди чигуна гузаронидани шудгори замин ва дигар корҳои агротехникӣ маълумоти маффасал доданд.