КӮЛОБ. Дар доираи фаъолияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мубориза бо терроризму экстремизм ва гурӯҳҳои ифротиро аз самтҳои афзалиятнок мешуморад.
Дар ин миён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолии минтақа” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот баргузор карда шуд.
Мулоқот бо иштирок ва суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолии минтақа” Пириев Сайаҳмад оғоз гардид.
Нахуст, Валиева Саъбагул имрӯз терроризм ва экстремизм хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ки ваҳшонияту даҳшатро бар болои инсонҳои дунё оварда истодааст. Ҳамарӯза амалиётҳои гуногуни онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва садҳо таркишҳову ҳазорон ҳазор курбонии ин таркишҳо далели гуфтаҳои боло мебошад. Ба ҳамин монанд гурӯҳҳои иғвоангез ТЭТ ҲНИТ, Гурӯҳи- 24 ва ё “Озодандешон”-и “Бадандеш” пайдо шудаву мо миллати тоҷикро, ки борҳо ба мардуми дунё тамаддун нишон додаем ва сагони ин гурӯҳҳо нону намаки ин Ватанро хурдаву сангҳои хиёнатро сӯи миллати хеш партофтаву ҳоло мехоҳанд моро ба раҳгумзадагиву хиёнаткорӣ кашад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ҳамеша ҳушёру зирак буда, доимо баҳри ободии Ватан ва беҳбудии халқ заҳмату талош намоем.
Дар идомаи суҳбат Пириев Сайаҳмад афзуд, ки мақсади ин гурӯҳҳои ифротӣ халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм дар одамон, ҷангу куштор, ба воҳима ва таҳлуқа овардани аҳолӣ дигар чизе нест.
Албатта, бештар гузаронидани чунин суҳбату мулоқот саривақтӣ буда, имконият фароҳам меорад, ки шаҳрвандон дар замони ҷаҳонишавӣ мақсаду мароми гурӯҳҳои тафриқангезро пурра дарк карда, аз рафтору амалӣ онҳо огоҳ бошанд.