ДӮСТӢ. Тозагӣ гарави саломатӣ буда, баҳри ҳар як сокини деҳа ва барои ҳар як инсон чунин амалҳои судмандро махсусан дар моҳи мубораки шарифи Рамазон ба сомон расонидан, иқдомеи нек аст.
Ёд намудан аз гузаштагон ва дар ҳаққи онҳо анҷом додани корҳои хайр ҳам ибодат аст.
Бо ин мақсад дар арафаи иди саиди Фитр бо ташаббус ва бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дар оромгоҳҳои ҳудуди ҷамоат шанбегӣ баргузор гардида, гирду атрофи онро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуда, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек карданд.