БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ кормандони  ҳизбӣ бо ҷалби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”  Аксияи иттиилотӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва моҳияти таърихӣ доштани он” –ро роҳандозӣ намуданд.

Зимни мулоқот бо сокинон масъулини ҳизбӣ ҳамаи иштирокдорони аксияро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз намуданд, ки ин тинҷиву оромие, ки дар ҳар як хонадон ҳукмфармост, ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои барқарор намудани сулҳу субот дар кишвари азизамон нақши Пешвои маҳбубамон бениҳоят зиёд аст.  Бояд ҳамаи сокинони кишвар барои нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо ҷаҳду талош намоянду баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар пешрафту шукуфоии ин меҳан саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg