
ВАХШ. Намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Б. Ҷавонон" дидан намуданд. Гурӯҳи корӣ аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ ва фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Б. Ҷавонон" дар соли 2021 натиҷагирӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати афзалиятнокии ҳизб ва бобати дурусти ҳуҷатгузорӣ дар ташкилот, хизматрасонии баланд ба мардум дастуру супоришҳои судманд доданд.