БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ КИТОБ ДАР ТАРБИЯИ КӮДАКОН

АНДЕША.  Мутолиаи китоб шахсро аз беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, воқиф месозад. Нафаре, ки пайваста дар мутолиаи китоб аст, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабутареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.                

      Барои мутолиаи китоб ҳама ҷой, ҳама вақт ва ҳама гуна шароит муносиб аст. Ҳеҷ монеае барои  мутолиаи китоб вуҷуд надорад.

    Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

    Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

   Китобхонӣ хосияти хубе дорад, ки инсон пас аз одат кардан тамоми умр ҳамроҳи китоб мегардад.  Албатта, барои одат кунонидани кўдакон ба китобхонӣ нақши волидайн ва омўзгор дар мадди аввал меистад. Зеро, қадамҳои аввали китобхонӣ дар оила гузошта шуда, минбаъд дар мактаб идома меёбад.

      Дар ин замина бояд мо аз хурдӣ дар дили фарзандон шавқи китобхониро ҷо карда тавонем. Волидон барои кўдак намунаи беҳтаринанд. Вақте кўдак китобхонии дигаронро мебинад, ў ҳам ҳаваси китобхониро дар худ ҳис мекунад.

       Дар назди кўдакон барои тамошои телевизион ва истифодаи компютеру телефонҳои мобилӣ маҳдудият гузоред. Зеро, агар кўдак дар истифодаи ин воситаҳо озод бошад, китоб хондан ҳеҷ гоҳ ба ёдаш намерасад. Барномаҳое, ки ў дар телевизион тамошо мекунад ва машғулиятҳое, ки ў дар компютер мегузаронад, бояд аз ҷониби шумо интихоб гардида, барои инкишофи кўдак манфиатовар бошанд.      

      Ҳамчунин нагузоред, ки кўдак вақти зиёдашро бо бозиҳо ва дигар машғулиятҳои телефонҳои дастӣ сарф намояд.

       Вақте волидайн ба кўдак чизе тўҳфа карданӣ мешаванд, ҳамроҳи тўҳфа ҳатман китоберо низ додан лозим аст. Дар рўзҳои махсус ба кўдакон китоб тўҳфа намуда, ба ин васила шавқи китобхонии кўдаконро баланд бардоштан ба осонӣ мумкин аст. Пуле, ки волидайн ба кўдак барои харҷи шахсиаш медиҳанд, бояд пайваста ташвиқ кунанд, ки як миқдорашро барои харидани китоб сарф намояд.

      Ҳангоми харидани китоб хислати кўдакро ба назар гиред, ки ба кадом намуди китобҳо майл дорад. Кўдакро ба китобхонии аз ҳад зиёд маҷбур накунед.

     Хулоса, мо бояд кушиш кунем, ки барои худ вақт ҷудо намуда,  ҳангоми китоб хондани кўдак паҳлўи вай нишаста, расмҳои дар китоб бударо ба ў нишон дода, ӯро рӯҳбаланд сохта, шавқу ҳаваси кӯдаконро бедор намоем.

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза ба ӯ зи гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Раҷабзода Қурбонгул, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg