ВОСЕЪ. Тибқи нақша- чорабиниҳо вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Қурбоншаҳиди ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Қурбонзода Рӯзигул ва сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот Қурбонзода Рӯзигул оид ба риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади тарғибу ташвиқи моҳият ва аҳамияти “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ибрози ақида намуд.
Бо ташаббуси раиси маҳалла Ҳафизов Сӯҳроб сокинони деҳаи Қурбоншаҳид бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат карда, ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси некашон изҳори миннатдорӣ баён карданд.