БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲУДАГӮИҲОИ МУҲАММАДИҚБОЛ

ВОКУНИШ. Мардуми шарифи Тоҷикистон имсол 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро истиқбол гирифтанд.

Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба туфайли иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нобасомониҳои дохилӣ ва буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ хотима бахшида, ба дастоварди бузурги таърихӣ - иттиҳоди миллӣ, ризоияти ҷомеа, фазои мусоиди сулҳу субот, рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва такомули давлати соҳибистиқлол ноил гашт. Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мардуми кишвар марҳилаеро тай намуданд, ки ба чандин даҳсолаҳо баробар аст ва дар ин пешрафту комёбиҳо саҳми ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон назаррас мебошад.

Бо азму талошҳои самимона Пешвои миллат дар як давраи пур аз мушкилоти сиёсӣ чандин маротиба бо намояндагони мухолифин вохӯрӣ барпо намуданд, то ки ба халқу миллати худ сулҳ биёранд.

Хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон дастоварди бузургест, ки дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ин дастовардро на фақат мо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.

Ҳар он чи оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар. Президенти Тоҷикистон миёни ҳамватанон эҳтироми шоистаро сазовор буда, дар хориҷа ҳамчун ходими сиёсии соҳибтаҷрибаву дурбин ва пешвои ҳақиқии кишвари худ эътироф шудааст.

Тамоми таърихи муосири Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон комилан алоқаманд аст. Дар тули солҳои президентӣ ба ин шахсият муяссар гардид, ки сулҳу ризоиятро дар кишвар таъмин карда, эҳтироми сазовори ҳамватанон ва нуфузи баланди байналмилалиро пайдо намояд. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад. Саҳми шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттиҳоди байни давлатҳои мо ниҳоят бузург аст.

Аз тарафи сиёсатмадорони ҷаҳон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, собиқ Президенти Ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш, собиқ сарвазири Бритониёи Кабир Тони Блер, Котиби давлатии ИМА Ҷон Кери, Канслери Федералии Ҷумҳурии Федералии Олмон Ангела Меркел, Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск, собиқ муншии умумии СММ Кофи Атта Аннан, Котиби генералии СММ Антониу Гутереш, Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва даҳҳо сиёсатмадорон – роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Итиҳоди Аврупову Арабистони Саудӣ ва Африқо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат баҳри халқи азизи Тоҷикистон ва амнияту осоиштагии на фақат ватани азизамон, балки минтақа ниҳоят бузург унвон мешавад.

Саҳми Пешвои миллатро раиси Комиссияи оштии миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хеле назаррас арзёбӣ намуда, қайд кардааст, ки “борҳо гуфтаам ва боз такрор мегӯям, ки самимияту устувории Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки раванди музокироти байни ҷонибҳо ва ҷараёни барқарории сулҳу субот дар кишвар бо муваффақият пеш рафт ва анҷом пазируфт. Агар майлу хоҳиш, саъйу кӯшиши бузурги Раиси Ҷумҳур намебуд, дар гумон буд, ки сулҳу субот ба ин наздикиҳо дар кишвар барқарор гардад”.

Ин заҳмату ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллатро мардуми Тоҷикистон хуб медонанду арҷ мегузоранд. Аммо баъзе хоинону асолатгумкардагон, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар аъзову ҷонибдорони собиқ ҳизби наҳзати исломро мебинем, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ ҳисобида, берун аз кишвар аз пайи туҳмату бахиливу норозигӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мегарданд.

Ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон хуб огоҳ ҳастанд, ки тоифае дар Тоҷикистон дини мубини Исломро бо мақсадҳои нопоки сиёсӣ истифода бурданд ва боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар гардид.

Сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ҳамин аъзо ва ҷонибдорони собиқ ҳизби наҳзат ва дигар хоҷагону ҳаммаслакони онҳо буданд. Мо дар ёд дорем, ки ҳамин аъзои собиқ ҳизби наҳзат буданд, ки гирдиҳамоиро аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар оғоз карда, то ба маркази мамлакат шаҳри Душанбе бурда расониданду ҷанги хонумонсӯзро оғоз карданд.

Магар Муҳаммадиқбол он рӯзҳои шумро, ки аъзои ҳизби наҳзат бар сари мардуми тоҷик оварданд, фаромӯш кард.

То ҳол баъзе модарону занон дар интизори фарзандону шавҳарони беному нишонгаштаи худ ҳастанд.

Дар ҳамин лаҳзаҳои барои милати тоҷик ҳассосу душвор, ки эҳтимоли аз байн рафтани Тоҷикистони азиз буд, бар сари мардуми кишвар Пешвои миллат ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Маҳз бо талошҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи хунрезӣ дар Тоҷикистон гирифта шуд. Дар он лаҳзаҳои басо мушкил ягон нафар пайдо нашуд, ки зимоми давлатдориро ба уҳда гирад. Бо талош ва бахшиши зиёди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо мухолифин имзо гардид.

Аммо санаи 27 июни соли 2021 дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи шабакаи иҷтимоӣ баромад намуда, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро яктарафаву нодида мегирад.

Ваҳдати тоҷикон барои мо сокинон арзиши олӣ дорад. Он ҳамчун мактаби таҷрибаи нодир мавриди омӯзиши баъзе аз давлатҳо гардидааст. Мо эҳсос мекунем, ки аъзо ва ҷонибдорони собиқ ҳизби наҳзат, хусусан Муҳаммадиқболи Садриддин аз бахилӣ ва бечорагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ меноладу мегӯяд.

Агар баъд аз имзои созишнома аъзо ва ҷонибдорони ҳизби наҳзат ва дигар мухолифин нияти дубора ғасб кардани ҳокимиятро намекарданд ва осоишта дар кишвар зисту зиндагонӣ менамуданд, ҳама дар паҳлуи якдигар даст ба дасти ҳамдигар дода, барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум кору фаъолият менамуданд, беҳтару хубтар мебуд. Вале тавре дидем, супоришҳои хоҷагони хориҷӣ дубора роҳбарияти собиқ ҳизби наҳзати исломро рондаву овораи кишварҳои хориҷӣ кард, ки ба ин амалашон худашон гунаҳкоранд.

Дар интиҳо мехоҳам, ба кулли ҳамватанон, аз ҷумла ба ҷавонони саодатманди тоҷик муроҷиат намуда, иброз дорам, ки ба гуфтаҳои дурӯғини ин нобакорон ҳеҷ гоҳ бовар накунанд, зеро Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин ва хоҷагону шогирдонашон ҳеҷ вақт дар фикри ободӣ, сулҳу субот, рушду пешрафти ватани азизамон набуданд, нестанд ва нахоҳанд буд.

Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg