БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “МО БО ШУМОЕМ!” АЗ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

А.ҶОМӢ. Дастгириву  ғамхориҳои  беандоза  дар   пайравии амалҳои неки  роҳбари  муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  кори  ҳамарӯзаи  ҳизбиён маҳсуб  ёфта,  аз  тарафи  раиси   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи    Абдураҳмони  Ҷомӣ  Муҳаммаддовуд Ҳалимзода   вохӯрӣ  бо  гирандаи   Шоҳҷоизаи   озмуни  “Мо  бо  шумоем!”   Зоирова  Шукрона  баргузор  гардид. 

Дар  ин  мулоқот Шукрона  бо  волидайн  ва  устодаш  аз лаҳзаҳои баргузории  ин  озмун  ёдовар  гардида, бо  сипосгузорӣ аз  ғамхориҳои  беандозаи   роҳбари  давлат ба  ин  қишри  ниёзманди  ҷомеа  суханронӣ намуд. 

Инчунин  Муҳаммаддовуд  Ҳалимзода    аз  иштироки  Шукрона Зоирова     дар  ин  озмуни  сатҳи  ҷумҳуриявӣ   сипосгузорӣ  намуда,  бори  дигар  аз мақсаду  мароми  хирадмандонаи  роҳбари   муаззами Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ёдовар  гардид.

Сипас, аз тарафи раиси  Кумитаи  иҷроия  Ҳалимзода  Муҳаммдовуд  ба Шукрона  ва  волидайнаш  маводи  зарурӣ  баҳри  пешгирӣ  аз  бемориҳои  сироятӣ  тақдим  карда  шуд.

Бояд  қайд  намуд,  ки дар  пайравии  амалҳои  неку  наҷиби  роҳбарияти  Ҳизби   Халқии   Демократии  Тоҷикистон, дар рӯзи баргузории ҳамоиш бахшида ба  ҷашни  Ваҳдати   миллӣ    аз  тарафи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти    давлатии ноҳия бо соядасти раиси  ноҳия Раҳимзода  Сафармуҳаммад  Абдураҳмон,   сипоснома  ва  маблағи  пуллӣ  ва аз  тарафи  роҳбари  ташкилоти  ибтидоии   “Қ. Ғиёс” оид ба маҳалли зист- Зикрулло  Камолов    кӯмаки  яквақтаинаи  маводи  хӯрока  расонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg