БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ИН ВАТАНДОРИСТ

АНДЕША.  «Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст». Эмомалӣ Раҳмон

       Мардуми Тоҷикистон  аз нахустин  рӯзҳои  истиқлолияти  давлатӣ   зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди  барқарорсозӣ  ва  ташаккули  пояҳои  давлату  давлатдории  навин,  таъмини  амнияту  оромии  ҷомеа,  суботи  сиёсиву  иҷтимоии  мамлакат  сарфи назар аз мушкилоту буҳрони сиёсию иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошт. Ҳамаи комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати дастгирии содиқонаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омаданд.

      Тоҷикон  аз  ҷумлаи  он  миллатҳое ҳастанд, ки Ватану марзу  буми  худро  хеле дӯст  медоранд  ва  барои  ҳастии  он  ҷоннисорӣ мекунанд. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному манзалат  шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошаду онро ҳифзу ҳимоя карда тавонад.

       Дастоварди  бузургтарини  мо  дар  тӯли  25  соли  истиқлолият  барқарор  намудани  сулҳу  суботи  комил,  ваҳдату  пойдории  миллӣ,  таъмини  рушди  устувори иқтисодиву  иҷтимоӣ,  таҳкими  худшиносиву  худогоҳӣ,  болоравии  ҳисси  ватандӯстиву ватандорӣ дар  миёни  тамоми  табақаҳои  ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки  маҳз ба шарофати хи­ради  азалии  мардуми  соҳибмаърифату   фарҳангдӯсти  тоҷик  муяс­сар  гардид.

       Пас  аз  ба даст овардани  истиқлолият  Тоҷикистон  ҳамзамон ба  гузаронидани  ислоҳоти  иқтисодӣ  шуруъ  намуд.  Пеш  аз  ҳама  дар  ҷумҳурӣ  базаи  ҳуқуқии  ислоҳоти  иқтисодӣ  ба танзим оварда  шуд.  Қабули  як силсила қонунҳо  оид  ба  моликият,  кооперативҳо,  соҳибкорӣ,  дар  бораи  андози  даромад,  буҷети  давлатӣ,  пардохти  истифодаи  замин  ва  ғайрахо  шаҳодати ин гуфтаҳоянд.

       Вале  ислоҳоти  иқтисодӣ  дар  шароите  оғоз  ёфт,  ки  бо  пош  хӯрдани  Иттиҳоди шӯравӣ  аз  як  тараф  риштаҳои  ҳаёти  иқтисодӣ    канда  шуд ва  аз  тарафи  дигар  бо  норасоии  ашёи  хом,  қисмҳои эҳтиётӣ,  аз ҷум­ҳурӣ  кӯч  бастани  мутахассисони русзабон  низ  сабаби  аз кор мондани  як  қисми  корхонаҳои саноатӣ ва таваққуфи сохтмонҳои   калон  гардиданд. Бо  фаро  расидани   давраи  осоишта дар  ҷумҳурӣ  барномаи  ислоҳоти  иқтисодӣ   қабул  гардид,  ки  дар асоси он  роҳи  иқтисодиёти  бозор­гонӣ  интихоб  гардид.

 Ҳангоми  тартиб  додани  барномаҳои ислоҳотӣ  таҷрибаи  бай­нал­халқӣ  истифода  гардида,  хусусиятҳои  хоси  инкишофи  иқти­со­диёти ҷумҳурӣ   ба  назар  гирифта  шуд. Бояд тазаккур дод, ки  оқибатҳои ҷанги  шаҳрвандӣ  ҳоло  ҳам  ба  иқтисодиёти  мамлакат   таъсири манфӣ   расонида  истодааст.  Барои  бартараф  кардани  онҳо  роҳбарияти  давлат  барномаҳои махсус қабул мекунад.  Бо  ёрии  инвеститсияҳои  хориҷӣ  ва  бо кӯмаки соҳибкорони дохилӣ  саноат    барқарор  мешавад ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

       Захираҳои  зиёди  меҳнатие,  ки  дар  Тоҷикистон  вуҷуд  дорад,  метавонад  сатҳи иқтисодиётро  баланд  бардорад. Барои ин сеху коргоҳҳои нав сохта шуда истодаанд. Дар  роҳи  ҳалли  масъала­ҳои  аграрӣ тадбирҳои  мушаххас  андешида  мешаванд.  Бо  фар­мони  Президенти  ҷумҳурӣ  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  аввал  50 ҳазор,  баъд 25  ҳазор  гектар  замин  ба  шаҳрвандон  дода  шуд.  Чунин  тадбир  натичаҳои  дилхоҳ  дод.  Ҷумҳурӣ  акнун  аз  кишварҳои хориҷӣ ба миқдори хеле кам  ғалла  ­харидорӣ карда,  бозори  дохили  мамлакатро  бо  мева  ва  сабзавоти  худӣ  таъмин  карда  истодааст. Ҳадафи аслӣ аз он иборат аст, ки чуноне Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ дар Паёми солонаи хеш таъкид намуданд, бояд кишварро аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрию саноатӣ табдил диҳем.

       Ҳоло  дар  ҷумҳурӣ  шаклҳои  гуногуни  моликият:  хусусӣ,  коллективӣ  ва  давлатӣ вуҷуд  дорад.  Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ тавонист, ки пули миллии  худро  ҷорӣ  намуда,  хусусигардонии  амвол  ва  бозори  пулиро  ташкил  диҳад. Бо  ташаббуси  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сохтмони  НБО-ҳои  Сангтӯда 1-2,  Помир-1,  Роғун,  роҳи  оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб, роҳи оҳани минтақаи Ваҳдат-Ёвон, роҳҳои  мошингарди  Кулма – Қароқурум, Душанбе-Чанок, нақбҳои  Анзоб, Шаҳристон, Чормағзак, Шаршар ва дигар иншоотҳои муҳими таъйиноти истеҳсолию фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ шуруъ  гардида, аксарияти онҳо ба истифода дода шуданд. 

Усмонова Гуландом, муовини роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg