БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ОСОИШГОҲИ “НАСИМИ ФАРХОР”

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Насими Фархор”-и ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоева Гулнора,  Гадоев Салим, муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилоят Ҳасейнзода Наврӯз ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи фархор Назарзода Алӣ Исмон  маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

         Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Ҳамзамон, Нурхонов Абдулохон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

         Сипас, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоева Гулнора оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуданд, ба аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур дастур доданд, ки дар аксияҳои ҳизбӣ, супоридани ҳаққи аъзогӣ ва дигар дастуру супоришҳои ҳизбӣ фаъол бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg