
НОРАК. Дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир карда шуд.
Дар ин рӯз сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дастаҷаъмона баромада, оромгоҳҳоро тоза карданд.