БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ КАФИЛИ СУЛҲУ ОРОМИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ!

Ваҳдат бақои умру нишоне зи давлат аст.
Ва
ҳдат барои халқ нишоне зи миллат аст.
Ҳар кас, ки зери сояи Ваҳдат кашад нафас,
Ин зиндаг
ӣ барои ӯ монанди ҷаннат аст.

АНДЕША. Воқеан ҳам, дар сарнавишти ҳар як миллату давлатҳо санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки кулли воқеаҳо ва рўйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он миллату давлатҳо саҳифаи сифатан нав ворид месозанд аз Истиқлолияти комили давлат, сулҳу ваҳдату ризоият маншаъ мегиранд ва дар рушди ҷомеа нақши муассир ва абадӣ доранд.

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Маҳз барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 – уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад.

Ваҳдати миллии мо ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор равона гардидааст ва мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки мушкилоту хатарҳои муосир амнияту оромию осоиштагии Ватани азизамонро парешон намояд.

Нақши қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ниҳоят бузург аст. Ин фарзанди бонангу номуси миллати тоҷик тавонистааст дар як лаҳзаи ҳассос, ки парокандашавии миллати тоҷикро таҳдид мекард, баҳри онҳо озодӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолиятро таъмин намояд.

Ҳарчанд Пешвои миллат, таҷрибаи ҷавон дошт дар идораи давлат, лек аз минбари баланд бо дили пур аз меҳру муҳаббат нисбат ба халқ бо ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ; “Ман ба шумо сулҳ меоварам, ман ваҳдату истиқлолиятро бунёд мекунам, агар лозим шавад ҷонамро қурбон мекунам, лек халқу миллатамро пароканда шудан намегузорам” – гуфта парчами миллиро бӯса карда, қасам ёд мекунад.

Дар натиҷаи заҳматҳои зиёдаш бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ бо мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда, санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москави Федератсияи Русия гуфтушунид гузаронида, дар натиҷа бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созишномаи сулҳ ба имзо расид ва он дар саннаи таърихи 27 июн ҳамчун рӯзи “Ваҳдати миллӣ” дарҷ гардид, ки боиси ифтихори мардуми сарбаланди тоҷик мебошад.

         Бо сарафрозию ифтихормандии бузург итминони комил дорем, ки пирӯзиҳои мардуми шарифу сарбаланду ваҳдатофари тоҷик бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, роҳбари давлати сулҳофарину мардумсолору адолатпешаи мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеъона дар арсаи байналмиллалӣ нуфузи баландтарро соњиб мегардад.

Дар ростои таҷлили ҷашни бузурги миллатамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ,ки қарор дорем, ҳамаи ҳамватанони азизро бо ин ҷашни фирӯз табрик намуда, гуфтанӣ ҳастам, ки тоҷику тоҷикистонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва ҳамзамон аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро талаб менамояд.Бинобар ин, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихиву фарҳангии хеш ва ифтихори баланди ватандорӣ мо бояд на танхо худ бо шинохти масъулият бошем, балки ин ҳақиқати равшанро ба насли ҷавон низ биомӯзонем, инчунин, мо бо бояд тамоми донишу таҷриба, инчунин нерӯи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сафарбар намоем, ва баҳри рушду нумуи Тоҷикистони азиз содиқона хизмат кунем.

   Мамадализода Гулҷаҳон, муовини раиси ноҳияи Вахш, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg