БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирии ҷавонон аз амалҳои хатарзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаи аҳли ҷомеа мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати маорифи вилоят » тибқи нақшаи корӣ  маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан ва Исоев Фаррух ширкат варзиданд.

Дар ин маҷлис мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан оид ба пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди хурофотпарастӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо бо сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани бахши зиёде аз мардон масъулияти занон ва тарбияи фарзандон дар қиёс ба даврони Шӯравӣ ба маротиб бештар шудааст. Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Аз ҳар гуна ҳизбҳои сиёсӣ, динӣ, гурӯҳҳои хавфноку мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт намоянд. Маҳз, амали онҳо буд, ки имрӯз ҷавонони роҳгумзада дар майдонҳои набард дар Сурия, Ироқ, Покистону Афғонистон иштирок намуда, зану фарзандони худро ба наздашон даъват карда, ҷонашонро аз даст дода истодаанд.

Дар охир масъулин таъкид доштанд, ки  ҳувият, фарҳанг, худшиносии миллӣ ва тафаккури баланди фалсафию ҳуқуқӣ аслиҳаи бузургест алайҳи ҳуҷуми террористон, душманон ба генофонди миллати мо.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg