БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ - КАЛИДИ ХУШБАХТИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Бо ба майдони сиёсат омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи эҳёи анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии тоҷикон шуруъ мешавад. Сиёсатмадоре, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшид, мардуми парешонгаштаро ба Ватан баргардонида, дар як оилаи бузурги аҳлу тифоқ, ки онро Тоҷикистон ном аст, ҷамъ овард, сулҳи сартосарию ваҳдати миллиро арзонӣ дод. Ва ин таҷриба аз ҷониби мамлакатҳои дунё  ҷонибдори ёфта, миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гашт.

Пешвои миллат дар шаҳри Москва барои таъмини Вахдати миллӣ бо Саид Абдуллои Нурӣ созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба миён гузошту ғаразу ниятҳои нопокро аз дилҳо берун кашида, дасти оштӣ боз намуд. Пешвои муаззам барои миллаташ ҳар чӣ ки аз дасташ, аз ғайраташ вобаста буд, камар басту ба ҷангу хунрезӣ хотима дод.

Ваҳдати тоҷикон имкон дод, ки давлат аз нав эҳё шавад, ободу ободонӣ, илму хирад, ба ҷойгоҳи аввалаш бозгардад. Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳои дигар мақоми хосса дорад, зеро мо бо ин рӯзи неки пурсаодат бар ивази талафотҳои бузурги моддию маънавӣ ва ҷонӣ расидаем. Оре, ваҳдат метавонад, омили сарҷамъии миллат, тинҷию оромӣ ва фазои озоду созандаро муҳайё созад. Ваҳдати миллӣ тавонист теша ба решаи кинаву адоват, рашку хусумат, бадбиниву бадандешӣ занад. Ба хотири бузургдошт аз ваҳдати милли Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Ҷомеа ё миллате, ки ғояи ваҳдати миллӣ надорад, ҳамеша эҳтимолияти ба буҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуданаш мумкин аст».

Бинобар ин, ба қадри сулҳу ваҳдат расидану ин вожаи муқаддасро чун гавҳараки чашм нигоҳ доштан аз ҳар як сокини ин марзу бум дараҷаи баланди ватандӯстию миллатдӯстӣ ва масъулияти бузурги шаҳрвандиро тақозо менамояд.    

Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Вахш         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg