
ВАХШ. Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва сазовор таҷлил намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ як қатор чорабиниҳои варзишӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ростои ин саннаи таърихӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроия дар байни ҷонибдорон ва аъзои ҳизб, мусобиқаи волейбол миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд.