
ВАХШ. Дар толори МТМУ№56 мизи мудаввар бо иштироки Ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё ва дастгирӣ» дар мавзӯи «Рушди дастаҷамъона” дастгирӣ намудани созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри такмилдиҳии ҳуқуқҳо ва хизматрасониҳои кўдакон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон» доир гардид.
Барномаи мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш роҳандозӣ карда шуда истодааст.
Дар ин мизи мудаввар мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сабоҳат Салимова иштирок ва суханронӣ намуд.