
ВАХШ. Дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафуров корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба захираи маводи озуқа барои тирамоҳу зимистон ба роҳ монда шуд.
Дар рафти баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни занон аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Салимова барои омода намудани консерваҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз бемориҳои сироятӣ қайд карда шуд.