БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ

ШАҲРИТУС.  Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғи фарҳангии ба номи «Тус»-и ноҳия бо иштироки садори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ, раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор, масъулини КИ ҲХДТ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, ҷавонону фаъолон, намояндагони васоити ахбори омма  ва дигар шахсиятҳои расмӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ маҷлиси ҷамъбастӣ  дар сатҳи баланд баргузор гашт.  

         Бояд қайд намуд, ки намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намоишҳои варзишӣ ва бозиҳои руйи мизӣ аз қабили тенис, шашака ва шохмот бо ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия доир гардид.

Ҳамчунин, ба як қатор фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо сипосномаи Раиси ноҳия қадрдони карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg