БАЛҶУВОН. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи эълон намудани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории ин вохӯрӣ дар якҷоягӣ, бо такя ба нерӯи созандаи шумо ҷиҳати андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ, иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирии содиршавии ҷинояту қонуншиканӣ аз ҷониби ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкуши ва сӯиқасд ба ҷони худ, тақдири кӯр-кӯронаи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона мебошад.
Пас аз андешарониҳои Мирзоев Исуф иштирокдорон суханрониҳои судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, чанде аз онҳо афзуданд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик ҳамеша дар паҳлуи Пешвои миллат ва таҳти сарварии абармарди тоҷик истода, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳем гузошт.