ТЕМУРМАЛИК. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Абдулманонов Сорбон бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фалҳобод” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Ҳамзамон, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории COVID – 19 ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ, вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад.
Инчунин, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилот дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот дод. Ҳамаи аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Қувватов Қурбоншоҳро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб намуданд.