ПАНҶ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода намудани ҳар қитъа замин аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия суҳбату вохӯриҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳраки Панҷ доир гардид.
Зимни вохурӣ маълум гардид, ки сокинон дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишварро ҷиҳати истифодаи самараноки замин сармашқи кори худ намуда, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст меоранд.