ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолу гузашта, эмин нигоҳ доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи анъанаҳои неки миллӣ, Аксияи умумуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо ходимони дин, аъзои ҳизб, ҷонибдорон ва сокинони маҳалла дар ду қабристони ноҳия баргузор гардид.
Дар қабристонҳои деҳаҳои Ёзғанд ва Чорсу бо иштироки васеи сокинон гирду атофи оромгоҳҳо тоза карда шуда, сокинон бо рӯҳияи баланди инсондӯстона ва арҷ гузоштан ба гузаштагонамон саҳми назарраси хешро гузоштанд.
Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» зиёда аз 123 нафар иштирок доштанд.