НОРАК. Тибқи фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 5 майи соли 2021 №151 дар бораи ташкил ва гузаронидани озмунҳои вилоятӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинон ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Норак озмунҳои ҳизбии "Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ" , "Меҳмонхонаи беҳтарин", "Ташкилоти ибтидоии сол", "Беҳтарин иншооти гигиенӣ", "Беҳтарин кӯча" ва "Хонаи тоза" баргузор гардида истодааст.