КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саратоншиносӣ” бо иштироки кормандони масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Умарҷон Саидов, Абдураҳмон Ҳасанов ва Таварзода Азизҷон ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” доир гардид.
Бояд гуфт, ки амали мазкур марҳила ба марҳила дар ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва ба ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт намудани ҳаққи узвият дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.