БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ИНТИХОБ КАРДА ШУД

ЁВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чойхона”-и деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор карда шуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи занони Кумитаи вилоятии ҳизб Раҷабзода Қурбонгул ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия,  Абдуллозода Саёҳат, аъзои ташкилоти ибтидоии номбурда иштирок намуданд.

      Маҷлиси мазкур аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии Чойхона, Валиев Гурез  кушода шуда, ҳозиринро хушомадед гуфт. Сипас, раиси дар назди аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.

         Дар фарҷом намояндаи Кумитаи вилоятии ҳизб Раҷабзода Қурбонгул ба сухан баромада,  ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки бояд ба хатири сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg