ЁВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳр”и деҳаи Бустон-1 ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботи баргузор карда шуд. Дар маҷлиси мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҷабзода Қурбонгул ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ва аъзоb ташкилоти ибтидоии номбурда иштирок намуданд.
Маҷлиси мазкур аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ Абешов Қурбоналӣ оғоз намуда, оид ба фаъолияти шашмоҳаи ташкилот ба ҳозирин иттилоъ дод.