
ДӮСТӢ. Дар деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем» аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҷалолов Абубакр дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ 1 км кубури обгузар тоза карда шуд. Дар ин маъракаи муҳими созандагӣ сокинони деҳаи маскур фаъолона иштирок намуда, баҳри пешрафти ҷомеа саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.