БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ ҷузъи фарҳанги миллат

ПАНҶ.  Шукри соҳибистиқлоли кишвар, ки бо иқдоми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори арзишҳои миллӣ ҳунарҳои мардумӣ эҳё мегарданд.

Зери ин гуфтаҳо ҷаҳони маъниҳо ҳувайдост. Имрӯзҳо бо ҳидояту роҳнамоии ин марди хирад дар тамоми кишвар баҳри рушди намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар асоси ҷадвали вохӯриву мулоқотҳо бо ташаббуси  Комиҷроияи ноҳия ва ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Меҳвар дар маҳаллаи Бурхиёни ҷамоати деҳоти Меҳвар чорабинӣ вобаста ба мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки васеъи аҳли ҷомеа бо як шукӯҳу шаҳомати хоса дар фазои тантанавӣ  баргузор карда шуд.

Иштирокдорони чорабинӣ ба маҳсули меҳнати ҳунармандону косибони маҳаллаи Бурхиён, аз қабили чӯбтарошӣ, кандакорӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, лавозимоти гавҳараи кӯдак, рафидадӯзӣ, маҳсулотҳои гуногуни  нонӣ ва  хӯрокҳои миллӣ ошно гардида, ба меҳнату заҳмати онҳо баҳои  баланд доданд.

Фазиев Каримҷон  дар сухани ифтиттоҳӣ ҳамагонро бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки барои боз  ҳам рушду нумуъ ёфтани  ҳунарҳои мардумӣ шароитҳои мусоид фароҳам омадааст, ки ин дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, ҳамзамон эҳсоси эҳтиром ба  ҳунарҳои  мардумӣ  нақши муассир мегузорад.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомаҳмадзода Музаффар дар баромадаш оид ба боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеъи сокинон  дар амалӣ намудани ҳадафу мақсад ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҳизбӣ  Соли тақвияти робита бо маҳал эълон шудан қайд намуд.

Аз ин рӯ моро мебояд, ки кору фаъолияти худро  дар асоси самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ба роҳ монда, баҳри амалӣ шудани онҳо саъю талош намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg