АНДЕША. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо, дар фазои сулҳу оромӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёдкриву созандагӣ қадамҳои устувор гузошта, ҳамчун давлати соҳибистиқлол арзишҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонагиро пойдор нигоҳ медорад. Сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз аз рӯз густариш ёфта, бо пойдории Ваҳдати миллӣ сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида истодааст. Албатта, таҷрибаи таърихии ба даст омадани ваҳдату якдилӣ ва раванди сулҳу субот дар Тоҷикистон намунаи ибрат ва дарси ҳаётан муҳим барои кишваҳои рӯи олам гардидааст. Имрӯз мо шоҳиди онем, ки дар аксар кишварҳои олам даргириҳо ва нооромиҳо ба вуҷуд омада аз таркишҳо, тирпарониҳо чи қадар мардум ба ҳалокат расида, аз надоштани амният бе хонаву дар мондаанд. Махсусан аҳолии бархе аз давлатҳои рӯи ҷаҳон аз набудани сулҳу оромӣ ба гурезагӣ роҳ дода, бо мақсади пайдо кардани ҷои амн онҳо дар баҳрҳову уқёнусҳо гарқ шуда, қурбон шуда истодаанд. Воқеан, озодиву ҳамдилии инсон ҳамон вақт маънию моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа авзои ҷомеаи ҷаҳонро ба хубӣ дарк кунад. Бояд, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳушёриву зиракии сиёсии худ, моҳияти бузургтарин дастовардҳои таърихии навини халқамон - Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро донад. Зеро таҷрибати таърихӣ исбот кардааст, ки ҳар як давлат бо давомёбии умри истиқлолияти миллӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат эътибор ва нуфузи худро чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар устувор ва қавӣ мегардонад. Тамоми пешрафт ва ободии ҳар як кишвари оламро аз ин ду, яъне давомёбии умри истиқлолияти миллӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати он медонанд. Ин дар мисоли давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ИМА, Англия, Франсия, Россия ва ғайра шуда метавонад, ки дар муддати 100 то 500 соли истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳо ва пешравиҳо ноил гардидаанд. Дар баробари ин метавонем истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро киёс кунем. 30-соли Истиқлолияти Тоҷикистон бо дарназардошти “Ҷанги шаҳрвандӣ”дар баробари саду панҷсад соли истиҷлолияти дигар давлатҳои олам ҳеҷ аст. Олимон исбот кардаанд, ки дар сарзамине ҷанг ба сар задааст, пас аз ба охир расидани ҷанг аз 30 то 50 сол ба сари он мардум қаҳтию бадбахтӣ меояд. Инчунин, таърих исбот намудааст, ки аз ҳама ҷанги бадтарин ин ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ин ҷанг ба шаҳрвандони Тоҷикистон чи қадар хисороти моддӣ ва маънавӣ овард. Худ тасаввур кунед. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо сиёсати олии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳтарин кариб тамоми хисоротҳои даврони ҷангро пурра бартараф намуданд. Аз ҳама муҳимаш ин, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик ба монанди Президентҳои дигар кишварҳои ҷаҳон дар давлати ободу осоишта ба сари ҳокимият наомадааст, балки замоне ба сари қудрат омад, ки вазъи дохилии давлати Тоҷикистон бениҳоят вазнин буд. Айёми ҷушу хуруши ҷанг буд. Ин ҳама бо хости Худованд ва ҷоннисориҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ҷанги дохилии Тоҷикистон бо дарназардошти гуфтушунидҳо ва музокирот санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Фератсияи Россия Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа ба имзо расид. Акнун чароғи умеди халқи тоҷик фурӯзон шуд. Хидмати Пешвои миллатро махсусан бояд зикр кард, ки ў ҷасорат нишон дода, аз хатар наҳаросида, ба Афғонистон ҷиҳати пойдории сулҳи тоҷикон сафар намекард, ин сулҳ метавонист хеле дер ба даст ояд ва ё амалӣ нагардад. Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим ин манзараро хуб қайд кардааст.
Раҳондӣ аз ҳалокат ҷисму ҷони Тоҷикистонро,
Ба паҳнои ҷаҳон бурдӣ ҷаҳони Тоҷикистонро.
Ниёзу рози миллатро ба минбарҳо баровардӣ,
Кушодӣ дар ҳама минбар забони Тоҷикистонро...
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаро метавон оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик номид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону ҷавонон, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофаринони миллати тоҷик ва иродаи нек буд.
Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофаринии байналмилалӣ донистаанд. Бояд гуфт, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби фоҷиа тела медиҳад. Тамоми донишмандон ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Аз ин ҷиҳат, боз як қадами ҷиддиест дар таҳкими худшиносии миллии ҷавонон ва дар маҷмўъ дар роҳи муттаҳид кардани миллат аст. Дар ҳақиқат ҳам, ҳифзи дастовардҳои бузурги таърихӣ мояи ифтихор ва вазифаи шарафмандонаи ҳар фарди ватанпарасти кишвар буда, ғамхории бомасъулият барои наслҳои ояндаи миллат ва бақои истиқлолияти давлат хоҳад буд. Баъди ба даст овардани ваҳдати комил Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ ва рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор ниҳод магар инро наметавон дастоварди миллат номид.
Бояд, ҳар як фарди баору номуси миллат дар куҷое набошад, лаҳзае ҳам фаромӯш накунад, ки пойдории сулҳу ваҳдат ин ободии Ватан, осудагии халқ, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти мардум мебошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки мо имрўзҳо ҷашн мегирем, воқеан дар ҳаёти ҷомеи мо санаи таърихӣ аст. Мо бояд аз таҷрибаи талхи гузашта баҳра бардорем ва таъмини сулҳу субот ваҳдат ва таҳкимин давлати миллии хешро вазифаи муқаддас донем, истиқлолият ва амнияти сарзамини аҷдодиро ҳифз намоем, масъулияти хешро дар назди наслҳои оянда дарк кунем, бо садоқати том ба халқу Ватан хизмат намоем.
Бигузор сулҳу ваҳдат ва парчами мо тоҷикон то абад дар фазои Тоҷикистону ҷаҳон поянда бошад!
Саидшо Асроров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон