БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

АНДЕША. Яке аз масъалаҳое, ки барои ҳар як кишвар дар мадди аввал меистад, таъмини амнияти миллӣ мебошад. Худи мафҳуми калимаи "амният" ифодакунандаи эминӣ, осоиштагӣ, тинҷӣ, бехавфӣ, бехатарӣ ва дар амон буданро ифода мекунад. Ин мафҳумҳо барои ҳар як сокини соҳибақли сайёра муқаддас ба шумор меравад, зеро сарчашмаи тамоми пешравиҳо маҳсуб меёбад. Ҳодисаву воқеаҳои пешгӯинашавандаи ҷомеаи муосир моро водор месозад, ки ба ин муқаддасоти инсонӣ – таваҷҷуҳи бештар намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои таъмини амнияти миллӣ тамоми саъю кӯшиши худро равона намудааст. Зеро маҳз пас аз таъмини амният дар қаламрави мамлакат сокинон тавонистаанд ба зиндагии бехавф ноил гарданд. Албатта, барои ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос тинҷию амонӣ, сулҳу субот беҳтарин гавҳар маҳсуб меёбад, зеро сарчашмаи тамоми хушбатиҳо ба ҳисоб меравад. Дар мамлакате, ки амният нест, ҷомеа рушд намекунад. Воқеаҳое, ки дар давлатҳои Сурия, Либия, Ироқ, Фаластин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯй доданд, далели гуфтаҳои болост.

Дар ин баробар набояд фаромӯш кард, ки имрӯз як гурӯҳ иблиссифатон мехоҳанд, дар ватани азизи мо низ нооромиро сар зананду худро “қаҳрамони озодӣ” муаррифӣ намоянд. Зеро онҳо натавонистанд, дар давраи тараққиёту пешрафти имрӯзаи Тоҷикистони маҳбуб соҳиби қадру қиммати инсонӣ гарданд ва ё номи шахсият буданро соҳиб шаванд. Ҳодисаҳои рӯзҳои охире, ки дар ҳамсоякишвари мо, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯй дода истодааст, зиракии сиёсиро аз ҳар як сокини мамлакат тақозо менамояд. Нигоҳ доштани амнияти миллӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки арзиши ҳар фарди худогоҳу хештаншинос ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки инсоният дар ҳар давру замон барои пешрафту тараққиёт, инкишофи ҷисмониву рӯҳонӣ ниёз ба сулҳу субот ва осоиштагиву оромӣ дорад. Пас, зиракии сиёсии ҳар яки мо ҷавҳари асосии нерӯи давлатдорию давлатсозӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Албатта, роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ ва дигар мушкилотҳоро дорост, ки Тоҷикистон онро бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона паси сар намуд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки шарти асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва нигоҳдошти амнияти миллӣ аз сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, алалхусус ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Ҳиссагузории мо дар таъмини амнияти миллӣ – ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва оштинопазир будан бо ҷаҳолат, хурофоту таассуб ба ҳисоб меравад. Пас баҳри нигоҳдошти амнияти миллӣ ҳар як сокини хушиқболи Тоҷикистонро мебояд устуворӣ, бурдборӣ ва комёбиро пайгирӣ намояд.

Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg