БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАСТИИ МИЛЛАТРО ПОЙДОР МЕНАМОЯД

АНДЕША. Истиқлолият воқеан ҳам неъмати бебаҳост, ки на ҳама кишварҳои рӯи олам ин дастоварди пурарзишро ба даст оварда метавонанд.

Тоҷикистони маҳбуби мо бо заҳматҳои бевоситаи шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мудати кӯтоҳтарин Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 28-сол қабл  нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Инчунин, беҳтарин ва бузургтарини онҳо дарёфти сулҳу оштӣ мебошад. Тамоми комёбиҳои то ба имрӯз ба даст омадаи миллати тоҷик аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ мебошад.

Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Имрӯз мо мардуми сарбаланди тоҷик бояд шукрона аз он кунем, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва амнияту осудагӣ ҳукумфармост. Бояд ҳар як фарди солимфикр барои рушди ин сарзамин талош намояд.

Расулов Азимҷон, барномасози Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg