БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ШОҲСУТУНИ АСОСИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША. Баъди Истиқлолият, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқуъ  пайваст, барои миллати тоҷик рӯзи ба имзорасии Созишномаи Истиқрори сулҳи  тоҷикон 27-июни соли 1997 Ваҳдати миллӣ  бузургтарин  иди  миллӣ  ҳисобида мешавад.

      Мо шоҳиди он ҳастем, ки бо парокандашавии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ  худованд ба миллати  тоҷик соҳибистиқлолиро арзонӣ дод. Сад афсус, ки бадхоҳони миллати  точик  нигоҳдориву пойдории онро бароямон тавассути кашмакашу ҷангҳои бародаркуши таҳмилии худ хело гарон сохтанд.

   Хушбахтона, мо ба рӯзи нек 27-июни соли 1997 расидем. Созишномаи  истиқрори сулҳи тоҷикон  бо заҳматҳо ва талошҳои  ватанпарастонаи  фарзандони баору  номуси тоҷик таҳти  сарварии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсияти камназари таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст  омад.

            Агар  Ваҳдат набошад, нест  миллат,

           Агар Ваҳдат  набошад,  нест давлат.

           Агар Ваҳдат набошад,  нест номус,

           Наҷоти Тоҷикон  аст, Ваҳдат.

   Дар ҳақиқат наҷоти Тоҷикистон  дар Ваҳдати  миллӣ аст.  Дар натиҷа аз соли 1997  сар карда, пастравии нишондиҳандаҳои   иқтисодиёти миллӣ ба Тоҷикистон  муяссар   гардид, ки  сол  то  сол вазъиятро ба эътидол  оварда, аз  соли 2000-ум  ба  рушди  иқтисоди  миллӣ  оғоз намояд.

      Бо  ташаббусу  иқдомҳо  ва ширкати бевоситаи  Президенти   Тоҷикистон, Раиси   муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди  мушкилоту  монеаҳои  зиёд таҳкурсии  давлати  соҳибихтиёрамон гузошта шуда, ба корҳои  азими  бунёдкориву  созандагӣ  шуруъ  карда шуд.

    Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз  бунбасти  камуникатсионӣ  раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи  амнияти озуқавории  он  ба самтҳои  стратегии  сиёсати  давлат табдил дода шудаанд. Ҳоло  Ҳукумати  Тоҷикистон  нақшаи  гузориши иқтисодиёти  кишварро  аз  шакли   аграрӣ—индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амали  гардонида  истодааст.

    Дар натиҷаи  тадбирҳои  амали намудаи  Ҳукумати  мамлакат  ҳиссаи  саноат дар  маҷмӯи маҳсулоти   дохилӣ   аз 15,2 фоиз то 17,3 фоиз  афзоиш  ёфт иброз доштанд  26 12  2018 дар Паёмӣ навбатиашон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон  Президенти   кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   дар робита  ба ин ва  бо дарназардошт аҳамияти саноат  дар ҳалли  масъалаҳои  иқтисодиву  иҷтимоӣ ва  таъсиси  ҷойҳои  кори  саноатикунони  босуръати  кишвар ҳадафи чоруми  миллӣ  эълон карда шудааст.

       Фақат  дар соли 2020 дар  ҷумҳурӣ 300 коргоҳу  корхонаи  саноатӣ ба беш  аз  6500 ҷойи  кории  доими ба истифода  дода  шудааст. Дар  ин  давра  дар  умум  зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кории  доимӣ ва  мавсимӣ ташкил  карда  шуда, даромади  пулии  аҳолӣ  10%  афзоиш  ёфт.

           Ин  миллат  ба  хиради азалиаш  дар  таърихи пурфоҷиаи худ, ки ба беадолатии  бемисл рӯ ба рӯ шудааст, тавонист, ки фарзандони  бофазилату тамаддунофар, далеру  шуҷоъ  ва  қаҳрамонро   тарбия  ва ба  комил  расонад.

    Хушбахтона, ба хости Худованд  ба  вориси  арзандаи ин қаҳрамон-Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Пешвои  миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   муяссар гардид, ки  ҳамчун  аввалин  сарвари  давлати  навини тоҷикон, таъмини соҳибистқиқлолии давлат ва шоҳсутуни асосии ин соҳибистиқлоли Ваҳдатӣ  миллиро далеронаву  шуҷоатмандона  ҳифз  намояд. Тоҷики  давлатдору сулҳпарвар ғояи  ваҳдати  миллиро дар ҷои  аввал  гузошт.

       Сармеъмори  сулҳу Ваҳдати  худро  дар  мисоли фарзанди  сарсупурдаи хеш  Эмомалӣ  Раҳмон дарёфт.

       Бо фазилати  атои худованди миллати тоҷик роҳу равиши  сулҳофарӣ, ватансозӣ ва  миллатсозиро пеша намуд.

     Хушбахтона, Ваҳдати миллӣ 24-сола шуд.  Имрӯз  масъулияти олии ватандорию  ватансозӣ бар души мост.  Мо  ин рисолатро ба ҷону дил иҷро  мекунем.

    Ваҳдати  миллӣ  дастоварди  бузурги  миллати  тоҷик  дар асри 20 ба шумор  меравад.  Ин ваҳдат  моро  ба сӯи  якдигарфаҳмӣ, ватансозӣ раҳнамоӣ  мекунад.

    Имрӯз  тарғибу талқини  ғояҳои  сулҳу амният, тинҷию  осудагӣ, ватандӯстиву  ватанпарастӣ, худогоҳию   худшиносӣ,  омӯхтани  таърихи  фарҳанги миллат  вазифаи ҷониву  имонии ҳар фарди  ҷомеа  мебошад.

        Ифтихори  миллӣ  эҳсоси гарму  гувороест,  ки фарзандони  миллатро  бо роҳи  созандагию бунёдкорӣ  ба хотири  ободии   Ватан оромии   сарзамини  аҷдодӣ, ҳифзи  истиқлолияти  давлатӣ, нигоҳдорӣ    ва   афзун  гардонидании  мероси   таърихиву  арзишҳои   фарҳангӣ  роҳнамоӣ  мекунад.

      Мову  шумо  бояд   Ватани  худро  дӯст  дорем, ба  қадру  қимати   Ватану   ватандорӣ   бирасем  ва  ҳамеша  шукронаи  сулҳу   амнияти  кишвар  ва  Ваҳдати  миллиро  намоем.      

    Д. Ғаффорзода, раиси  КИ ҲХДТ дар  ноҳияи Ҳамадонӣ                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg