БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии ҲХДТ

ХОВАЛИНГ. Яке аз самтҳои афазалиятноки фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоии ҳизбӣ ва ба ин васила аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ва дигар ҷонибдорони ҳизб зиёд намудани  сафи аъзои ҲХДТ дар ноҳия мебошад. Боиси қаноатмандист, ки ҳамарӯза баъди гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар маҳалҳо ҷавонон, занону бонувон, нафақахӯрон ва дигар ҷонибдорони сиёсати оқилона, дурбинона ва созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дархост барои дохил шудан ба сафи ҳизб муроҷиат менамоянд. Баъди омӯзиш талаби онҳо аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба иҷро расонида мешавад.     

Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзо ва дар ҳолати тантанавӣ супорида мешавад. Чунин қабул ба сафи ҳизб ва супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ чанде пеш дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроия Сафар Халилов ба нав ҳизбиён баъди табрикоти самимӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорида, онҳоро барои хизмати содиқона ба Ватан, ба халқ, саҳм гузоштан дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва риояи талаботҳои Оинномава Барномаи ҲХДТ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg