ХОВАЛИНГ. Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг баҳри баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Дараи Мухтор” вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия дар вохӯрӣ бо иштирокдорон, зимни суханронӣ ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ суханронӣ намуданд.