ФАРХОР. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ба Боғчаи №2-и ноҳия воқеъ дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Фархор ташриф оварда, аз ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ ва шаҳодатномаҳои ҳизбии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дидан намуданд.
Ҳамзамон, ба раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оиди ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки минбаъд низ корро дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҳизбӣ ҷоннок намуда, дар баргузории аксияву ҳашарҳои ҳизбӣ фаъол бошанд.