БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҷомеа-боигарии давлат аст

ҲАМАДОНЙ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев бо ҳамроҳии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ» вохӯрӣ гузарониданд.

Исмоил Гадоев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемории сироятии ВИЧ/СПИД, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев атрофи суханрониҳои Пешвои миллат-Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ироа гардид, Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез» бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Исмоил Гадоев бо тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ» шинос гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg