ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташабуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо иштироки раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора Сажамат, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи марказӣ Ғафуров Дилшод дар толори маҷлисгоҳи беморхонаи мазкур бо аъзои фаъоли ҳизб конференсияи ҳизбӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими устувории Ваҳдатӣ миллӣ» доир гардид.
Дар кори конференсия раиси шаҳр Давлатзода Зарина аввалан тамоми табибон ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро ба 24-уми солгарди Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Ӯ афзуд, ки Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ мо бояд ба ин ду санаи арзишманди миллӣ эҳтироми хосса дошта бошем ва онҳоро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Олимзода Низора раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр вобаста ба ин ду ҷашни пурифтихор-Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, инчунин нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи комил дар мамлакат ибрози андеша намуд.