ҚУБОДИЁН. Бо мақсади иҷрои қарор ва дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ, дар доираи баргузории иқдоми “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман!” ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани нуфузи ин ҳуҷҷати ҳизбӣ Ҷумаев Алиҷон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот, Раҳмонов Алишер мудири бахши омори Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти У. Назаров дидан намуданд.
Зимни боздид, аъзои гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои болозикр ба масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ оиди саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои муфид доданд.