АНДЕША. Китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров аз соли нашр зуд дар доираҳои бонуфузтарин илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун як асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шуд. Дар пайравӣ ба ин асари бузург донишмандони зиёде кӯшиданд, ки китобе оид ба таърихи халқи худ биофаранд ва дар ин замина асарҳои фаровоне ба нашр расиданд, вале «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ягонаву беназир боқӣ монд. Ин шоҳасар таърихи пурҳаводиси халқи тоҷикро аз аҳди бостон то ба Инқилоби Октябро дар бар мегирад ва саршор аст аз далелу аркоми раднопазир, тафсиру андешаву мулоҳизоти ҷолибу саҳеҳ.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухан ба китоби «Тоҷикон» (нашри тоҷикии соли 1998), аз ҷумла, навиштаанд: «Хонандаи тоҷик тавассути «Тоҷикон» аз мақоми худшиносӣ ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд?», «Аз куҷо ба зиндагӣ шурӯъ карданд?», «Чи тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд?», «Бо чӣ роҳу дастуре ба арсаи илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд?», «Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?» ва «Посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд».
Воқеан ҳам, ин шоҳасар маълумоти фаровонеро дар бар мегирад ва равзанаи вусъатмандест ба олами пуршебу фарози таърихи ғановатманди халқи бостонгуҳари тоҷик. Шоҳасари «Тоҷикон» аз ду китоб, шаш фасл ва нуҳ боб фароҳам омадааст. Он ба дараҷае пурмуҳтавою фарогир аст, ки дар ситоишаш муҳаққиқони варзида, суханҳои баланд гуфта, аз ҷумла, «шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик» номидаанд. Дар ин китоб ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти халқи тоҷик дар моварои асрҳову замонҳо, ҳам аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоию фарҳангӣ дахл карда шудааст. Солҳои зиёдест, ки мутахассисони тамоми соҳаҳо зимни омӯзишу пажуҳиш рӯй ба «Тоҷикон» меоваранд, онро бо диққат саҳифа мезананд ва гавҳари мақсуд дастрас мекунанд. Ин китоби пурарзиш барои ҳар як фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар як хонанда метавонад аз он баҳрабардорӣ намояд, далелу аркоми дилхоҳ ба даст орад, донишашро такмил бубахшад.
Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон, шинохти воқеияти таърихӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аҳамияти хеле муҳим дорад. Ин шоҳасар моро даъват менамояд, ки аз гузашта сабақ бигирем, худрову гузаштагони дурро нек бишносем, аз оламу одам бохабар бошем. Чунонки мегӯянд омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани маҷмӯи ҳодисаву воқеаҳои гузашта нест, балки барои он ҳам зарур аст, ки дар ин замина баҳри таъмини имрӯзу фардои шукуфои халқу миллати хеш ҳиссагузор бошем. «Тоҷикон» парда аз рӯи бисёр воқеияти таърихии мансуб ба халқи тоҷик ва халқҳои ҳамсояву ҳампаҳлую ҳамтақдири тоҷикон бардошт ва ҷаҳониёнро бо таърихи асилу воқеии миллати сарбаланди мо ошно сохт.
Аллома Бобоҷон Ғафуров оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа асарҳо офаридаанд, ки теъдодашон беш аз 400 адад аст, вале «Тоҷикон» дар меҳвари осори ин шахсияти барҷаставу сарсупурдаи миллат қарор дорад. Он асари безаволу мондагор, асари бунёдист. Амали басо ватандӯстонаву миллатпарастона аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навинашон ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, то китоби «Тоҷикон» бо теъдоди калон чоп карда, дастраси ҳар хонадони аҳли Тоҷикистон гардонда шавад. Акнун ин шоҳасар узви ҳар як хонадони кишвар ва зиёбахши дилу дидаҳо мегардад. Воқеан ҳам, «Тоҷикон» сазовори ҳама гуна арҷгузорист, зеро он, ба таъбири Пешвои миллатамон, «муътабартарин сарчашмаи худогоҳиву худшиносии миллист».
Собиров Д., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён