ДАНҒАРА. Дар қаламрави ноҳия баргузор намудани Фестивал – намоиш бо ҷалби бонувон ҷиҳати муаррифии либоси миллӣ таҳти унвони “ Ҷилваи рангҳо” ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор карда шуд. Бояд таъкид намуд, ки ҳунари чакандӯзӣ як унсури ҳуввияти миллӣ ба шумор меравад, ки истифодабарандагон бо ифтихор ва меҳру муҳаббат ба Ватан маҳсули ҳунари ҳунармандии худро, барои боз ҳам эҳё кардани анъанаҳои неки ниёгон чакандӯзиро истифода менамоянд. Имрӯз ҳунармандон бо ҷидду ҷаҳди беандоза баҳри таҳким ва рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, ки ҷузъи муҳими фарҳанги миллист фаъолияти худро ба роҳ монда, дар баробари дигар ҳунарҳо дар рушди фарҳанги миллӣ саҳм гузошта истодаанд, то ҳунарҳои аҷдодӣ поянда ва ҷовидонӣ бошад.